Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бозиҳои олимпии зимистона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Макони баргузории Бозиҳои олимпии зимистона
Карта победителей зимних Олимпийских игр ██ Страны, победившие в зимних Олимпийских играх 1 раз ██ Страны, победившие в зимних Олимпийских играх 2 раза и более ██ Страны, победившие в зимних Олимпийских играх 5 раз и более

Бозиҳои олимпии зимистона (англ. Winter Olympic Games, фр. Jeux olympiques d'hiver) — бузургтарин мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи намудҳои зимистонаи варзиш, ки дар 4 сол як маротиба баргузор мегардад.

Бозиҳои олимпии зимистона начали проводиться с 1924 года как дополнение к летним Играм. Некоторые зимние виды спорта были включены в летние Олимпийские игры ещё раньше, в 1908 и 1920 годах. С 1924 по 1992 годы Бозиҳои олимпии зимистона проводились в те же годы, что и летние. С 1994 Бозиҳои олимпии зимистона проводятся со сдвигом в 2 года относительно летних Олимпийских игр.

Другие названия: Зимняя Олимпиада, Белая Олимпиада.

Нахустин мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки махсус барои намудҳои зимистонаи варзиш пешбинӣ шуда буданд, Бозиҳои шимолӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки аз соли 1901 то 1926 дар Стокгольм баргузор мешуданд.

Дар ҳайати Бозиҳои олимпӣ ҳанӯз ҳангоми таъсиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар соли 1894 пешбинӣ шуда буд, ки яхмолакбозӣ ба барномаи олимпӣ дохил карда шавад. Аммо бори аввал ин намуди варзиш дар Бозиҳои соли 1908 пайдо шуд: 4 маҷмӯи мукофотҳо дар фигурбозӣ рӯи ях ба бозӣ гузошта шуданд. Дар рақси озод швед Улрих Салхов ва дар шаклҳои махсус — рус Николай Панин-Коломенкин қаҳрамон шуданд. Дар байни занон англис Меҷ Сайерс ғолиб омад ва дар рақси ҷуфтӣ олмониҳо Анна Ҳӯблер ва Ҳайнрих Бургер пирӯз гардиданд[1].

Дар соли 1911 дар сессияи КБО пешниҳод шуд, ки дар бозиҳои навбатӣ «Ҳафтаи намудҳои зимистонаи варзиш» ташкил карда шавад, вале азбаски созмондиҳандаи бозиҳо дар соли 1912 Шветсия буд, вай бар зидди ин пешниҳод баромад, зеро аз рақобат бо Бозиҳои шимолӣ ҳарос дошт. Ҳангоми омодагӣ ба Бозиҳои олимпии навбатӣ ғояи «Ҳафта» бори дигар садо дод, аммо Ҷанги якуми ҷаҳонӣ монеи баргузории мусобиқаҳо шуд. Ва дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 1920 дар Антверпен мусобиқаҳо оид ба рақси намоиши руйи ях ва хоккей бо шайба дохил карда шуданд.

Дар соли 1924 дар Шамони (Фаронса) зери сарпарастии КБО «Ҳафтаи байналмилалии варзиш ба муносибати Олимпиадаи VIII» баргузор гардид. Маҳбубияти ин чорабинӣ боиси он гашт, ки «ҳафтаи» гузаштаро аввалин Бозиҳои олимпии зимистона номиданд.

Дар аввал Бозиҳои зимистона дар ҳамон соли Бозиҳои тобистона, дар соли аввали давраи чорсолаи олимпӣ баргузор мешуданд, вале аз соли 1994 инҷониб Бозиҳои зимистона пас аз 2 соли Бозиҳои тобистона гузаронида мешаванд. Бархилофи Бозиҳои олимпии тобистона, Бозиҳои зимистонаи баргузорнашуда рақамгузорӣ карда намешаванд.

Ғолибони Бозиҳои олимпии зимистона дар ҳисоби умумидастаӣ дар 24 бозие, ки солҳои 1924—2022 баргузор шудаанд, инҳо буданд:

Намудҳои варзиши олимпиадаи зимистона

[вироиш | вироиши манбаъ]
Иттиҳод/Федератсия Намудҳои варзиш Оғози баргузорӣ Тартибот Баррасӣ Рӯйхати ғолибон
FIS Варзиши лижаронии кӯҳӣ 1936 Фаромадани босуръат, супергигант, слаломи бузург, слалом, комбинатсия Баррасӣ Рӯйхат
Мусобиқаи лижаронӣ 1924 Спринти инфиродӣ, спринти дастаӣ, мусобиқа бо оғози ҷудогона, масс-старт, эстафета, скиатлон Баррасӣ Рӯйхат
Ҷаҳиш бо лижа аз трамплин 1924 K120 мусобиқаи инфиродӣ, K120 мусобиқаи дастаӣ, K90 мусобиқаи инфиродӣ Баррасӣ Рӯйхат
Дуҳарбаи лижаронӣ 1924 Мусобиқаҳои инфиродӣ, спринт, эстафета Баррасӣ Рӯйхат
Фристайл 1992 Могул, акробатикаи лижаронӣ, ски-кросс, ҳафпайп, слоупстайл Баррасӣ Рӯйхат
Сноуборд 1998 Биг-эйр, слаломи бузурги параллелӣ, слоупстайл, кросс дар сноуборд, ҳафпайп Баррасӣ Мардон
Занон
IBU Биатлон 1960 Спринт, мусобиқаи инфиродӣ, мусобиқаи таъқибӣ, масс-старт, эстафета, эстафетаи омехта Баррасӣ Мардон
Занон
ISU Фигурбозӣ рӯи ях 1908/1924 Фигурбозии инфиродии мардон ва занон, фигурбозии ҷуфтӣ, рақс рӯи ях, мусобиқаҳои дастаӣ Баррасӣ Рӯйхат
Конкибозӣ 1924 500 м, 1000 м, 1500 м, 3000 м, 5000 м, 10000 м, мусобиқаи дастаӣ Баррасӣ Рӯйхат
Шорт-трек 1992 500 м, 1000 м, 1500 м, эстафета Баррасӣ Рӯйхат
FIBT Бобслей 1924 Боби дунафара, боби чорнафара Баррасӣ Рӯйхат
Скелетон 1928/48/2002 Баррасӣ Рӯйхат
FIL Варзиши чанасаворӣ 1964 Мусобиқаҳои инфиродӣ, мусобиқаҳои ҷуфтӣ, эстафетаи дастаӣ Баррасӣ Рӯйхат
IIHF Ҳокейи рӯи ях 1920/1924 Баррасӣ Рӯйхат
WCF Кёрлинг 1924/1998 Баррасӣ Рӯйхат

Намудҳои варзише, ки мусобиқаҳо аз рӯи онҳо дигар гузаронида намешаванд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Патрули ҳарбӣ — ниёи биатлони муосир. Аввалин мусобиқаҳо дар соли 1924 гузаронида шуданд. Инчунин мусобиқаҳои намоишӣ дар солҳои 1928, 1936 ва 1948 баргузор шуданд. Дар 1960 биатлон ба намуди зимистонаи варзиши олимпӣ табдил меёбад;
  • рақси намоиши руйи ях танҳо дар БО-и соли 1908 пешниҳод шуда буданд.

Солҳо ва макони баргузорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бозиҳо Сол Шаҳр Мамлакат Шумора Шумора
кишварҳои иштирокчӣ иштироки варзишгарон тартиботи варзишӣ намудҳои варзиш
I 1924ШамониПарчами Фаронса Фаронса 16 280 14 4
II 1928Санкт-МоритсПарчами Швейтсария Суис 25 464 14 4
III 1932Лейк-ПлесидПарчами ИМА (48 ситора) ИМА 17 252 14 4
IV 1936Гармиш-ПартенкирхенПарчами Олмони нозӣ Олмони нозӣ 28 646 17 4
(1) 1940СаппороПарчами Ҷопон (1870—1999) Ҷопон
(1) 1944Кортина д'АмпетсоПарчами Италия (1946—2003) Итолиё
V 1948Санкт-МоритсПарчами Швейтсария Суис 28 669 22 4
VI 1952ОслоПарчами Норвегия Нурвеж 30 694 22 4
VII 1956Кортина д'АмпетсоПарчами Италия Итолиё 32 821 24 4
VIII 1960Скво-ВоллейПарчами ИМА (49 ситора) ИМА 30 665 27 4(2)
IX 1964ИнсбрукПарчами Австрия Утриш 36 1091 34 6(3)
X 1968ГреноблПарчами Фаронса Фаронса 37 1158 35 6
XI 1972СаппороПарчами Ҷопон (1870—1999) Ҷопон 35 1006 35 6
XII 1976ИнсбрукПарчами Австрия Утриш (4) 37 1123 37 6
XIII 1980Лейк-ПлесидПарчами ИМА ИМА 37 1072 38 6
XIV 1984СараевоПарчами Югославия (1945—1991) Югославия 49 1272 39 6
XV 1988КалгариПарчами Канада Канада 57 1423 46 6
XVI 1992АлбервилПарчами Фаронса Фаронса 64 1801 57 6
XVII 1994(5)ЛиллеҳаммерПарчами Норвегия Нурвеж 67 1739 61 6
XVIII 1998НаганоПарчами Ҷопон (1870—1999) Ҷопон 72 2302 68 7(6)
XIX 2002Солт-Лейк-СитиПарчами ИМА ИМА 77 2399 78 7
XX 2006ТуринПарчами Италия Итолиё 80 2508 84 7
XXI 2010ВанкуверПарчами Канада Канада 82 2766 86 7
XXII 2014СочиПарчами Русия Русия 88 2800 98 7
XXIII 2018ПхёнчханПарчами Кореяи Ҷанубӣ Кореяи Ҷанубӣ
XXIV 2022Пекин Парчами Чин Чин
1 Сабаби лағв — Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ.
2 Биатлон ба намуди зимистонаи варзиши олимпӣ табдил меёбад. Баргузории мусобиқаҳо оид ба бобслей лағв карда мешавад.
3 Варзиши чанасаворӣ ба намуди зимистонаи варзиши олимпӣ табдил меёбад.
4 Дар аввал бозиҳо бояд дар Денвер (США) баргузор мешуданд. Аммо бинобар мушкилоти молиявии созмондиҳандагон, пешниҳод шуд, ки Олимпиада дар Австрия гузаронида шавад.
5 Аз ҳамин сол Бозиҳои олимпии зимистона дигар дар ҳамон соли бозиҳои тобистона баргузор намешаванд. Аввалин ва ягона бор дар таърих фосилаи байни Бозиҳои олимпии зимистона 2 солро ташкил дод.
6 Кёрлинг ҳафтумин намуди зимистонаи варзиши олимпӣ мегардад. Инчунин ба барномаи бозиҳо сноубординг-ро дохил мекунанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. [(http://www.sports-reference.com/olympics/summer/1908/FSK/) Figure Skating at the 1908 London Summer Games]. 13 феврали 2014 санҷида шуд. [(https://web.archive.org/web/20111226043915/http://www.sports-reference.com/olympics/summer/1908/FSK/) Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Декабри 2011].